Феврал 27, 2020 14:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Узбакистон ба шаҳрвандони худ дар хориҷ аз кишвар бобати Карона

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон бо судури баёнияе ба шаҳрвандони худ дар хориҷ аз кишвар ва касоне,ки қасди сафар ба хориҷро доранд, ҳушдор дод.

Ба нақл аз Форс, дар ин баёнияи Вазорати умури хориҷаи Узбакистон омадааст ; афроде,ки барномарезӣ мекунанд сафарҳои хадамотӣ ва гардишгарӣ ба хориҷ аз кишвар анҷом диҳанд, пеш аз сафар бояд саломатии худро арзёбӣ, вазъияти эпадемологии кишвар мақсадро баррасӣ, беҳдошти фардиро риоят ва аз ҳузур дар маросимҳои умумӣ худдорӣ кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон дар поёни ин баёния хотирнишон кард ; шаҳрвандоне,ки дар қаламрави кишварҳое,ки беморони мубтало ба Карона дорад, ба сар мебаранд, дар сурати ниёз ба намояндагии дипламатии ин кишвар муроҷиа кунанд.

Баёнияи Вазорати хориҷаи Узбакистон дар ҳоле аст,ки Тошканд ҳамчунин марзҳои худ бо Афғонистонро ба далели шуюи Карона дар ин кишвар мувақат бастааст .