Табодули иттилооти молиётии кишварҳои узви ИДМ
Кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (ИДМ) иттилооти молиётии худро ба сурати бархат табодул мекунанд.
Ба гузориши “Авесто”, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавонанд ба таври электронӣ иттилооти марбут ба даромади ашхоси ҳуқуқӣ ва ашхоси ҳақиқии як кишвари узвро дар як кишвари узви дигар табодул кунанд.
Ҳамчунин кишварҳои ИДМ метавонанд додаҳоеро дар мавриди вуҷуди амлоки чунин афроде дар ҳаққи моликият дар як кишвари узви дигар мубодила кунанд.
Владимир Ҷабборов, муовини аввали раиси Кумитаи умури хориҷа ва иҷроии Федератсияи кишварҳои ИДМ гуфт, дар ин тафоҳумнома, ки ба тасвиби Шӯрои федератсия расидааст, дар таърихи 2 ноябри 2018 ба намояндагӣ аз давлатҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дар Остона имзо шуд.
Владимир Ҷабборов афзуд, кишварҳои ИДМ дар мавриди ҳамкорӣ ва кумаки мутақобили пайравӣ аз қонунҳои молиётӣ ва муқобила бо тахаллуфот дар ин замина аз таърихи 4 июни 1999 бо якдигар тавофуқ карданд.
Ин тафоҳумнома илзомоти марбут ба таркиб ва сохтори иттилоот дар мавриди анвои хос аз амлок, васоили нақлия ва амлоку замини сабтшуда дар як кишвари узв ва соҳибони он, ашхоси ҳуқуқӣ ё шаҳрвандони кишвари дигарро шомил мешавад.