Октябр 01, 2016 12:49 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Туркманистон аз роҳи оҳани ин кишвар бо Тоҷикистон боздид кард

Раисҷумҳури Туркманистон бо раванди бунёди роҳи оҳани ин кишвар бо Афғонистону Тоҷикистон ошно шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии раёсатҷумҳури Туркманистон, Қурбонқули Бердимуҳаммадов ҳини сафар ба вилояти Лаби Оби ин кишвар аз маҳалли сохтмони хати роҳи оҳани ҷадиди минтақае, ки ин кишварро ба Афғонистону Тоҷикистон пайваст мекунад, боздид кард. Ба иттилои манбаъ, ширкатҳои Туркманистон то ба имрӯз дар масири Отамурод - Имомназар то марзи Афғонистон 82 километрро рейлгузорӣ ва 85 километрро барои насби роҳи оҳан омода кардаанд. Ҳамчунин ба масофаи беш аз 67 километр дар ин масир хутути интиқоли барқ низ эҳдос шудааст. Дар масири хати роҳ оҳани миёни Туркманистону Афғонистон ду пул, ба тӯли 253 ва 363 метр низ сохта шуда истодааст. Раисҷумҳури Туркманистон чанде қабл ба зарурати суръат бахшидан ба сохтмони ин роҳи оҳан, ки кишварашро бидуни қаламрави Узбакистон ба Афғонистону Тоҷикистон васл мекунад, таъкид карда буд.

Ин дар ҳоле аст,  мақомоти КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муддаиянд, ки миёни ин кишвар ва Туркманистон бар сари макони пайвастшавии ин масири муҳими транзитии минтақаӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Мақомоти Душанбе мегӯянд, ки нуқтаи васли роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ба ин кишвар бояд ноҳияи марзии Шаҳритус дар вилоят Хатлон бошад, ки масири он кӯтоҳтар ва камсарфтар аст. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар тӯли ин роҳ кӯтоҳтар хоҳад шуд. Ин дар ҳоле аст, ки Туркманистон бо ин тарҳ мухолифат мекунад. Зеро мақомоти Туркманистон ба таъйини бандари Шерхон дар вилояти Қундузи Афғонистон ва вилояти Хатлони Тоҷикистон ба унвони нуқтаи васли роҳи оҳан дар марзи ин ду кишвар пофишорӣ мекунанд.