Март 04, 2020 12:29 Asia/Dushanbe
  • Карантин шудани 12 табааи Тоҷикистон дар Узбакистон барои коронавирус

12 табааи Тоҷикистон, ки бо парвози Сэул-Тошканд қасди бозгашт ба кишвари худро доштанд, дар Тошканд ба муддати 14 рӯз карантин шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи Tajik Te, ин афрод барои ташхиси ин, ки мубтало ба бемории коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ нашуда бошанд, ба муддати 14 рӯз карантин ва таҳти муоинаи пизишкӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дафтари матбуотии Созмони ҳавопаймоии кишварии Узбакистон низ бо тасдиқи ин хабар эълом кардааст, ки тамомии 253 мусофири парволзи Сэул-Тошканд ба муддати 14 рӯз карантин шудаанд ва дар сурати адами ташхиси бемории коронавирус, мураххас хоҳанд шуд.

Бар асоси ин гузориш, 178 мусофири ин парвоз атбои Узбакистон, 20 нафар табааи Русия, 18 тан атбои Қазоқистон ва 12 нафар аз атбои Тоҷикистон ҳастанд.