Март 04, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити Қирғизистон ва Эрон

Вируси корона монеи тавсеаи равобити Қирғизистон ва Эрон намешавад.

Ба гузориши “Форс”, муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфт, маҳдудиятҳои марбут ба пешгирӣ аз густариши вируси “Корона” набояд таъсири манфӣ дар равобити дуҷонибаи Қирғизистон ва Эрон дошта бошад.

Саид Харрозӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон бо Нурлан Абдурраҳмонов, муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон дидор кард.

Тарафайн дар ин мулоқот зимни баррасии равобити дуҷониба, бар густариши равобити 2 кишвар дар тамоми заминаҳо таъкид карданд.

Харрозӣ дар ин дидор аз густариши равобити 2 кишвар дар соли гузашта ва иҷрои мувофиқатномаи тиҷорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва таъсири он дар тавсеаи равобити тиҷории 2 кишвар ибрози хурсандӣ кард.

Сафири Эрон дар идомаи гузорише аз охирин иқдомоти давлати ҷумҳурии исломӣ дар мубориза бо густариши вируси корона ироа кард.

Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон зимни ташреҳи иқдомоти давлаташ дар иртибот бо ҷилавгирӣ аз вуруди вируси корона ба ин кишвар изҳор дошт, ин маҳдудиятҳо сирфан ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди вирус ба кишвар аст.

Вай гуфт, ин иқдомот набояд ҳеҷ таъсири манфӣ дар равобити фимобайн дошта бошад.

Абдурраҳмонов гуфт, вуруди атбои Эрон, Чин, Ҷопон, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ ба Қирғизистон мамнуъ мебошад, магар ин ки аз 20 рӯз қабл аз Эрон хориҷ шуда бошанд ё дар кишварҳои дигаре бошанд.