Ҳомидов: Дар Узбакистон ифротгароён қудрат мегиранд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i5158-Ҳомидов_Дар_Узбакистон_ифротгароён_қудрат_мегиранд
Як фаъоли сиёсӣ ва мухолифи Ҳукумати Узбакистон гуфтааст, Тошканд дар остонаи рӯйи кор омадани ҳукумати худкома қарор дорад ва бар мухолифони ин режим лозим аст, ки дар баробари чунин ҳукумат фаъолияти худро оғоз кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 01, 2016 10:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳомидов: Дар Узбакистон ифротгароён қудрат мегиранд

Як фаъоли сиёсӣ ва мухолифи Ҳукумати Узбакистон гуфтааст, Тошканд дар остонаи рӯйи кор омадани ҳукумати худкома қарор дорад ва бар мухолифони ин режим лозим аст, ки дар баробари чунин ҳукумат фаъолияти худро оғоз кунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Мирзо Анвар Ҳомидов, дар сафҳаи фейсбукии худ бо интишори баёнияе гуфтааст, Шавкат Мирзиёев, ҷойгузини Ислом Каримов хоҳад шуд ва аз сиёсатҳои ӯ пайравӣ хоҳад кард. Ӯ таъкид кардааст, вазъият дар Узбакистон ниёз ба созмондиҳии ҷабҳаи ҷадиде аз мухолифон дорад, зеро агар аз заъфи ҳукумати феълӣ истифода нашавад, фардо ҷойи онро ифротгароён хоҳанд гирифт. Ҳомидов бо баёни ин ки агар имрӯз мухолифону рӯшанфикрони узбак муттаҳид нашаванд, фақру таҳқири мардум дар ин кишвар идома пайдо хоҳад кард, афзуд, дар ин сурат нерӯҳои ифротӣ ба ҷойи нерӯҳои муътадил қудрат хоҳанд ёфт.

Ин мухолифи Ҳукумати Узбакистон, ки ҳамакнун дар Русия ба сар мебарад, бозгашти худро ба Тошканд як худкушии аҳмақона унвон кардааст.