Дархости Президенти Қирғизистон аз сокинони марз барои пешгирии даргирӣ бо сокинони тоҷик.
(last modified 2020-03-12T09:41:27+00:00 )
Март 12, 2020 14:41 Asia/Dushanbe
  • Дархости Президенти Қирғизистон аз сокинони марз барои пешгирии даргирӣ бо сокинони тоҷик.

Президенти Қирғизистон аз сокинони марзбонии Бодканд даъват мекунад, ки аз ихтилоф ва даргириофаринӣ бо сокинони сарҳади Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон Саранбай Жиенбеков, ки барои боздид аз манотиқи марзии Тоҷикистон ба вилояти Батак сафар кардааст, сокинони ин минтақаҳоро даъват кард, ки заминаи ҳалли ихтилофоти марзӣ бо кишвари ҳамсояро бо роҳи музокироти сиёсӣ ҳаллу фасл кунанд.

Вай таъкид кард, ки сокинони минтақаҳои сарҳадии баҳсбарангези Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд аз ҳама гуна хушунат худдорӣ кунанд, то намояндагони расмии ҳарду кишвар мавзӯи аломатгузории марзро аз роҳи музокира ва гуфтугӯ ҳал намоянд.

 

Аз нуқтаи назари Жиенбеков дар солҳои охир раванди музокироти марзи Қирғизистону Тоҷикистон тақвият шудааст, ки интизор меравад , ки ба натоиҷи мавриди пазириши мақомоти ду кишвар бирасад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо хам  976 км сарҳад доранд

 

Барчасп