Cафари Вазири дифоъи Узбакистон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i51756-cафари_Вазири_дифоъи_Узбакистон_ба_Тоҷикистон
Вазири дифоъи Узбакистон ба Тоҷикистон сафар мекунад
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Март 14, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Cафари Вазири дифоъи Узбакистон ба Тоҷикистон

Вазири дифоъи Узбакистон ба Тоҷикистон сафар мекунад

Ба гузориши Эки порс, қарор аст Баҳодур Қурбонов дар ин сафари якрӯза аз минтақаи Фахробод маҳалли размоиши  муштараки зиддитеррористии неруҳои вижаи Тоҷикистон ва Узбакистон боздид кунад.

 Ҳамчунин дар ин сафар вузарои дифоъи Тоҷикистон ва Узбакистон дар маросим ҳадоёеро ба теъдоде аз ширкаткунандагон дар ин размоиш эҳдо хоҳанд кард.

 Вузарои дифоъ дар мавриди ҳамкориҳои дифоъи феълӣ ва чашмандози оянда низ табодули назар мекунанд.