Март 15, 2020 14:47 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус ба Узбакистон расид

Вазорати тандурустии Узабкистон аз мусбат шудани озмоиши коронавирус дар яке аз шаҳрвандони ин кишвар хабар дод, ки ба тозагӣ аз Фаронса бозгаштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Узбакистон дуввумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар он мавриде аз ибтило ба коронавирус мушоҳида шудааст.

Пеш аз ин мавридҳое аз ибтило ба коронавирус дар Қазоқистон аз ашхосе, ки аз Олмон бозгашта буданд сабт шудааст.

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Қазоқистон ба шаш нафар расидааст.

 

Барчасп