Барномаҳои Қазоқистон барои муқобила бо вируси корона
Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, тамҳидоти лозим барои муқобила бо вируси корона дар кишвараш андешида шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қосимҷомарт Тоқаев дар гуфтугӯи телевизионӣ бо мардуми Қазоқистон бо ишора ба тадобири лозим барои муқобила бо вируси корона аз шиносоии 9 мавриди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод. Вай бо ишора ба ташкили як ситоди вижаи муташаккил аз мутахассисон ва як комиссияи байнисозмонӣ дар сатҳи давлатӣ барои муқобила бо густариши вируси корона тасреҳ кард, тамоми афроди гирифтор ба ин вирус карантин ва таҳти муроқибати пизишкӣ қарор доранд. Тоқаев дар идома бо ишора ба эъломи вазъияти изтирорӣ дар саросари Қазоқистон афзуд, вазъияти изтирорӣ, ки аз 16 март оғоз шудааст, 30 рӯз идома хоҳад дошт ва дар сурати лозим замони он мумкин аст, тамдид шавад.
Раисҷумҳури Қазоқистон бо таъкид бар ин ки ба таври муваққат дарҳои марокизи тафреҳӣ, синамоҳо, театрҳо, намоишгоҳҳо ва соири амокини умумӣ баста хоҳад буд, гуфт, барои муддате муваққат фаъолияти марокизи бузурги тиҷорӣ маҳдуд мешавад, аммо марокизи арзаи маводи ғизоӣ ва маводи аввалия қатъан ба кори худ идома хоҳанд дод.
Тоқаев аз шаҳрвандони Қазоқистон хост, аз баргузории маросимҳои ҷамъии хонаводагӣ ва ёдбудҳо худдорӣ кунанд.