Сабти 33 мавриди ибтило ба коронавирус дар Қазоқистон
Март 18, 2020 08:44 Asia/Dushanbe
Вазорати беҳдошт ва саломати Қазоқистон аз мубтало шудани 33 шаҳрванди ин кишвар ба коронавирус хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо аз Алмаато, Вазорати беҳдошт ва саломати Қазоқистон рӯзи чоршанбе дар баёнияе эълом кард, аз ин теъдод 15 нафар дар шаҳри Алмаато ва 18 нафари дигар дар шаҳри Нурсултон, пойтахти ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд.
Гуфта шуда, ки дар миёни беморони ин вирус як духтари 12-сола низ ҳаст.
Дар ҳамин ҳол, Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи якшанбе ба манзури ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар, барои як моҳ вазъияти фавқулодда эълом кард.
Барчасп