Мирзиёев: Итминон дорам, муносиботи Тошканд-Теҳрон бо суръат тависа меёбад
(last modified Sun, 22 Mar 2020 14:33:51 GMT )
Март 22, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев: Итминон дорам, муносиботи Тошканд-Теҳрон бо суръат тависа меёбад

Раисҷумҳури Узбакистон дар паёме, фаро расидани баҳор ва иди Наврӯзро ба ҳамтои эрнонии худ ва мардуми ин кишвар табрик гуфт

Ба нақл аз Форс, дар паёми табрики раисҷумҳури Узбакистон омадааст: Мояи басе масиррат аст, табрикоти самимона ва орзӯҳои гарми худро ба муносибати фаро расидани ҷашни Наврӯз, намоди баҳори табиат, таҷдиди ҳаёт ва таровати ҳастиро ба ҷаноби олӣ ва тамоми миллати Эрон иброз намоям. Айёми фархундаи Наврӯз аз арзишҳои азалӣ ва русуми ҳасанаи миллатҳои манотиқи бекарони моро дар худ муҷассам намуда ва эҳсосоти накӯи мунсаҷимкунандаи милатҳо чун дӯстӣ, сулҳ, оромиш, ҳамдилӣ ва ҳисси ҳамҷавориро бузург медорад.

Итминон дорам, муносиботи муттакӣ бар эҳтиром ва эътимоди мутақобил, мушорикати чандҷонибаи суннатӣ ва баландмудат ва дар ростои манофеи тарафайн дар оянда низ бо суръат тавсиа ёфта ва ба сатҳи олии муносибот бо зарфиятҳои мо иртиқо меёбад.