Март 22, 2020 22:09 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи 2300 долларӣ ва зиндон дар интизори нақзкунандагони карантин дар Узбакистон

Вазорати додгустарии Узбакистон эълом кард, касоне ки карантинро нақз мекунанд, 2310 доллар ҷарима ё 8 сол зиндонӣ мешаванд.

Ба нақл аз Форс, Вазорати додгустарии Узбакистон дар гузориши худ афзуд:

Бар асоси манобеи мутталеъ, дар Узбакистон мавориде иттифоқ афтода, ки вақте шаҳрвандоне дар карантини хонагӣ буданд, бо нақзи тааҳҳудот вориди маконҳои умумӣ шуда ё маросими хонаводагӣ дошта ва ё аз васоили ҳамлу нақли умумӣ истифода карданд.

Раисҷумҳури Узбакистон дар нишасти ахири худ, Вазорати кишвар ва Гвардияи миллиии ин кишварро маъмури назорат бар иҷрои карантин тавассути шаҳрвандон кард.