Март 23, 2020 21:14 Asia/Dushanbe
  • Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон баста шуд

Ҳама гузаргоҳҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, аз субҳи имрӯз баста шудааст.

Ба нақл аз расонаҳои маҳаллӣ, ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи Tcell дар Тоҷикистон, субҳи имрӯз бо ирсоли паёмаки телефонӣ ба шаҳрвандон, аз баста шудани марзҳои ин кишвар бо Узбакистон хабар дод.

Дар марзи миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Узбакистон 16 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дорад, ки ҳамаи ин гузаргоҳҳо аз сӯи ду тараф ба сурати муваққат баста шудааст.

Бар асоси ин гузориш, бо вуҷуди баста шудани марзҳои Тоҷикистон ва Узбакистон, ҳаракати васоили нақлияи борӣ дар ин масир бидуни таваққуф идома дорад.

Ҳамчунин бо ҳадафи пешгирӣ аз хурӯҷи коронавирус, аз фардо дар Узбакистон ҳаракати ҳамаи васоили нақлияи умумӣ ба Тошканд ва соири устонҳои ин кишвар ба таври муваққат қатъ мешавад.

 

Барчасп