Март 24, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
  • Табрики наврӯзии раисҷумҳури Узбакистон ба Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Узбакистон дар паёме ба ҳамтои тоҷики худ, фаро расидани иди Наврӯзро ба вай табрик гуфт.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иди Наврӯзро табрик гуфт.

Раисҷумҳури Узбакистон Наврӯзро аз арзишҳои умумии башарӣ, русуми муштарак ва суннатҳои беназири ақвоми бародари тоҷик ва узбак унвон кардааст.

Мирзиёев дар бахши дигаре аз паёми худ ибрози итминон карда, ки мушорикати роҳбурдии Узбакистон ва Тоҷикистон,ки асоси он, эҳтиром ва эътимод ба якдигар ва дӯстӣ аст, бо саъй ва талошҳои муштарак ва иродаи қавии сиёсӣ, дар оянда низ ба нафъи манофеи умумӣ ва шукуфоии мардуми ду кишвар тақвият хоҳад шуд.

 

Барчасп