Эҷоди Вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва коҳиши фақр дар Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i52175-Эҷоди_Вазорати_тавсиъаи_иқтисодӣ_ва_коҳиши_фақр_дар_Узбакистон
Вазорати иқтисод ва санати Узбакистон ба Вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва коҳиши фақри ин кишвар табдил мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 28, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди Вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва коҳиши фақр дар Узбакистон

Вазорати иқтисод ва санати Узбакистон ба Вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва коҳиши фақри ин кишвар табдил мешавад.

Ба нақл аз Форс, Шавкат Мирзоев раиси ҷумҳурии Узбакистон дар нишасти давлати ин кишвар дастур дод то Вазорати иқтисод ва санати ин ҷумҳури ба Вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва коҳиши фақр табдил шавад.

Бар асоси гузориши бахши матбуотии раёсати ҷумҳурӣ ,дар ин нишаст масоили афзоиши даромади мардум ва коҳиши фақр аз тариқи ташвиқи эҷоди шуғли нав мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазорати иқтисод ва санати Узбакистон дар моҳи январи соли 2019 милодӣ бар пояи Вазорати иқтисод эҷод шудааст.

Ин дар ҳоле аст,ки раиси ҷумҳурии Узбакистон дар паёми худ ба парлумони ин кишвар дар 24 январи соли ҷории милодӣ нахустинбор иқдом барои коҳиши фақрро аз ҷумла вазифаҳои авлавиятдор унвон кард.

Мирзоев гуфт ; бар асоси омори муқадамотӣ.дар ин кишвар 15 дар сад ва ё ҳудуди 5 миллион нафар ҷамъият дар зери сатҳи фақр зиндагӣ мекунанд.