Март 30, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
  • Лағви парвозҳои дохилии Узбакистон дар пайи шуюи Корона

Давлати Узбакистон барои мубориза бо густариши шуюи Корона барои 20 рӯз тамоми парвозҳои дохилӣ ва хриҷии ин кишварро лағв кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии садои Хуросон, камисяи вижаи мубориза бо Корона дар Узбакистон  эълон кард:аз таърихи 30 март то 20 апрел тамоми фурудгоҳҳои Узбакистон фаолияти худро мутавақиф ва иртиботи ҳавоӣ дар ин кишвар комилан қатъ мешавад.

Аз таърихи 30 март то 20 апрел тарадуди худравҳои шахсӣ низ мутавақиф мешавад.

Ҳамчунин тарадуди васоили нақлия байни устонҳо, шаҳри Тошканд ва марказҳои устонҳо фақат бар асоси муҷавизи вижви барчаспи содир шуда тавассути маркази хадамоти давлатӣ имконпазир аст.

Аз таърихи 27 март ба шаҳрвандони Узбакистон дастур дода шуд дар сурати доштани кори зарури аз хоан берун бираванд ва истифода аз моск барои ҳамаи дар муҳитҳои умумӣ иҷбор аст.

Тибқи охирин иттилоот то кунун 145 нафар дар Узбакистон ба Корона мубтало шудаанд.