Эъмоли маҳдудиятҳои содироти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон
Қазоқистон маҳдудиятҳоеро барои содироти гандум ба Тоҷикистон эъмол мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабаргузории давлатии Қазоқистон то августи соли 2020, ин кишвар ордро дар саҳмияи таъиншуда ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир мекунад.
Қазоқистон аз нахустин кишварҳо дар минтақа аст, ки шуюъи каронавирус дар ин кишвар таъйид ва вазъияти изтирорӣ эълон шудааст.
То имрӯз ҳудуди 330 нафар дар ин кишвар ба каронавирус олуда шудаанд ва ду нафар низ ҷони худро аз даст доданд. Вазорати кишоварзии Қазоқистон 30 март дар баёнияе эълон кард,ки содироти гандумро "Барои таъмини ниёзи дохилии ин кишвар барои гандум ва ҳифзи миқдори лозими хуроки дом дар шароити изтирорӣ" маҳдуд мекунад.
Қазоқистон умдатарин содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон аст.
Вазорати зироати Қазоқистон саҳми содироти гандум ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Афғонистон дар апрели имсолро дусад ҳазор тонна ва ордро 60 ҳазор тонна таъин кардааст.
Ин дар ҳолест, ки фақат Тоҷикистон ҳар моҳ 90 ҳазор тонна гандум аз Қазоқистон ворид ва ҳудуди 60 фоиз аз ниёзи дохилии орди худро аз тариқи воридоти гандум аз Қазоқистон таъмин мекунад.
Тоҷикистон дар соли 2019 ҳудудан миллион тонна гандум ва 56 ҳазор тонна орд аз Қазоқистон ворид кардааст.
Дар ҳоли ҳозир 47 корхонаи тавлиди орд дар Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди як миллиону 900 ҳазор тонна орд дар сол фаъолият мекунад.