Апрел 04, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон содироти гандум ва ордро маҳдуд мекунад

Вазорати корҳои дохилаи кишоварзии Қазоқистон маҳдудиятҳоеро бар мизони муҷози содироти гандум ва орд иҷроӣ мекунад то дар давраи шуюи коронавирус таъмини ниёзи худро ба ғаллот тазмин кунад.

Ба нақл аз ИРНО, Вазорати кишоварзии Қазоқистон мамнӯияти қаблии содироти гандум ва ордро лағв, аммо мизони содироти ин ду маҳсулро маҳдуд кардааст.

Бархе манобеи хабарӣ гузориш додаанд, ки Қазоқистон аз моҳи апрел содироти гандумро ба 200 ҳазор тонна ва содироти ордро ба 70 ҳазор тонна маҳдуд хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Қазоқистон аз моҳи июли соли 2019  то феврали 2020 моҳона 350 ҳазор тонна гандум ва 123 ҳазор тонна орд содир кардааст.

Дар пайи шуюи коронавирус, давлати Қазоқистон ҳудуди  ду ҳафта пеш содироти маводди ғизоии зарурӣ шомили орд, гандуми сиёҳ, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз, коҳу ва равғани офтобпарастро мамнӯъ карда буд.

Дар ҳамин ҳол тавлидкунандагони орд дар Қазоқистон таъкид мекунанд, ки ин кишвар захоири мозод  дорад.

Досмукосон Тобекбоев, мудири як ширкати тавлиди орд дар Қазоқистон дар интиқод аз маҳдудияти содироти гандум ва орд аз ин кишвар гуфтааст: Мо акнун қарордодҳое бо харидорони маҳсулоти худ дар Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистон имзо кардаем, ки мунтазири орди мо ҳастанд; мо наметавонем ҳамсоягони худро ба гуруснагӣ бикашонем.

Қазоқистон то авохири ҳафтаи гузашта 448 мавриди ибтило ва се маврид марг бархоста аз коронавирусро гузориш кард.

 

Барчасп