Апрел 06, 2020 16:45 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои 216 нафар ба корона дар Қирғизистон

Вазири беҳдошти Қирғизистон дар нишасти хабарӣ аз афзоиши теъдоди беморони мубтало ба корона дар ин кишвар ба 216 нафар хабар дод.

Ба гузориши Форс, Собирҷон Абдулкаримов, вазири беҳдошти Қирғизистон дар нишасти хабарӣ аз сабти 69 маврид ҷадиди мубтало ба корона дар ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тамоми афроди мубтало шуда ба корона дар бемористонҳо қарор доранд ва пизишкон ононро дармон мекунанд.

Абдулкаримов тасреҳ кард, теъдоди беморони мубтало ба корона дар ин кишвар 216 нафар ҳастанд.

Ҳамчунин дар ин кишвар ба далели корона, 4 нафар фавт карда ва 33 нафар беҳбуд ёфтанд.

Мавориди ибтило ба корона тақрибан дар тамоми устонҳои Қирғизистон шиносоӣ шуда, аммо ҷануби кишвар аз ин вирус бештар осеб дид ва дар устонҳои Ош ва Ҷалолобод 174 маврид сабт шудааст.

 

Барчасп