Барпоии истгоҳҳои полис барои барқарории назми умумӣ дар Ишқобод
(last modified Tue, 07 Apr 2020 05:26:55 GMT )
Апрел 07, 2020 10:26 Asia/Dushanbe
  • Барпоии истгоҳҳои полис барои барқарории назми умумӣ дар Ишқобод

Истгоҳҳои полис барои барқарории назми умумӣ дар Ишқобод барпо мешавад.

Ба нақл аз Аки-Пресс, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов- раиси ҷумҳури Туркманистон, муовин нахуствазирро маъмур кард, ки контрол ва назорат бар таъмини назми умумӣ дошта бошад.

Ин истгоҳҳо дар пурҷамъияттарин манотиқи пойтахт ва устонҳо барпо мешаванд ва бозрасони полиси минтақа , полиси роҳ ва вазорати кишвар муваззафанд шабонарӯзӣ дар ин истгоҳҳо мустақар бошанд.

Вазифаҳои аслии афроди мустақар дар ин истгоҳҳо барқарории назм ва амният, иртиқоъи сатҳи амнияти шахсии сокинин ва ҳимоят аз амволи онон ва ироаи кумакҳои аввалия аст.