Апрел 10, 2020 17:02 Asia/Dushanbe
  • Тадобири Туркманистон барои муқобила бо вируси корона

Раисҷумҳури Туркманистон ташдиди тадобири пизишкиро барои ҷилавгирӣ аз вуруди вируси корона ба ин ҷумҳурӣ хостор шуд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасти кобинаи Туркманистон анҷоми мониторинги доими саломати тамоми шаҳрвандони Туркманистон ва иҷрои озмоишоти пизишкиро барои ҷилавгирӣ аз вуруди корона ба кишвараш хостор шуд.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркманистон, бояд бо ташкили гурӯҳҳои хоси пизишкӣ, назорат бар кӯдакистонҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳо ташдид шавад.

То кунун дар Туркманистон мавориди корона сабт нашудааст ва коршиносони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ин омилро таъйид кардаанд.

Расонаҳои минтақаӣ аз вазъи маҳдудиятҳои ҷиддӣ барои тараддуд байни устонҳои ин кишвар хабар медиҳанд.

Қарантина барои мусофирони хориҷӣ дар бархе шаҳрҳои марзии Туркманистон иҷро мешавад.