Қазоқистон ҳаракати васоили нақлияборӣ ба Точикистонро мамнўъ кард
(last modified 2020-04-14T14:12:45+00:00 )
Апрел 14, 2020 19:12 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ҳаракати васоили нақлияборӣ ба Точикистонро мамнўъ кард

Иттиҳодияи кормандони ҳамлу нақли Қазоқистон аз мамнўи ҳаракати васоили нақлияборӣ ба Точикистон ва Туркманистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон би нақл аз сафҳаи Иттиҳодияи кормандони ҳамлу нақли Қазоқистон дар Фейсбук, ҳукумати Қазоқистон тасмими мамнуияти ҳаракати васоили нақлияборӣ ба чанд кишвар, аз чумла Тоҷикистон ва Туркманистон гирифтааст.

Ин мамнуият шомили комюнҳо, худруҳои шахсӣ ва мусофирони Точикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мешавад, ки акнун транзити ин васоили нақлия ва атбои хориҷӣ низ мумкин нест.

Ба гуфтаи коршиносон ин иқдоми ҳукумати Қазоқистон, ки ба манзури ҷилугирӣ аз шуюи вируси карона андешида шуда метавонад ба иқтисоди Точикистон хасороти фаровон ворид созад , зеро умдаи транзити маҳсулоти Тоҷикистон ба Россия ба унвони шерики аслии тиҷории ин кишвар аз қаламрави Қазоқистон анҷом мешавад.

Аз сўи дигар бахши умдаи воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Россия ва соири кишварҳо низ аз қаламрави Қазоқистон анҷом мешавад,ки метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон хасароти фаровон ворид намояд.    

Барчасп