Истиқрори посгоҳҳои ҷадид дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Wed, 15 Apr 2020 05:48:34 GMT )
Апрел 15, 2020 10:48 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори посгоҳҳои ҷадид дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Хадамоти марзбонии ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона дар манотиқи марзи муштарак посгоҳҳои ҷадид мустақар кардаанд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин посгоҳҳо дар минтақаҳое, ки эҳтимоли тамоси шаҳрвандони ду кишвар вуҷуд дорад ва заминаи интиқоли вируси коронаро фароҳам месозад, мустақар шудаанд.

Ҳамчунин дар минтақаҳое, ки убур аз онҷо душвор аст  ва эҳтимоли дидори шаҳрвандони  ду кишвар зиёд мебошад гаштиҳои муштараки марзӣ авзоъро баррасӣ ва назорат мекунанд.

Ин дарҳоле аст, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ахиран дар дидоре дар минтақаи марзи муштараки ин ду кишвар дар навоҳии Спитамени вилояти Суғд ва Лайлаки вилояти Ош бар зарурати ташдиди назорат бар хутути марзии ин ду кишвар ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюи вируси корона таъкид карданд.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Қирғизистон то рӯзи 14 апрели соли ҷорӣ теъдоди мубталоён ба бемории вируси корона дар ин кишвар ба 430 нафар расида, ки 5 тан ҷони худро аз даст додаанд, 71 нафар низ беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Аммо мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки то рӯзи сешанбе ( 14 апрел ) соли ҷорӣ дар ин кишвар ҳеч мавриди ибтило ба бемории вируси корона мушоҳида нашудааст.