Апрел 20, 2020 13:39 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Қазоқистон ва Узбакистон

Ибтилои бисту чаҳор нафари дигар ба вируси корона дар Қазоқистон таъйид шуд.

Ба гузориши хабаргузории ТОС аз Нурсултон, Вазорати беҳдошти Қазоқистон рӯзи душанбе эълом кард, ибтилои бисту чаҳор нафари дигар ба вируси корона дар ин кишвар таъйид шуд ва шумори мубталоён ба як ҳазору ҳафтсаду сию панҷ нафар афзоиш ёфт.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон афзуд: Ҷадидтарин оморҳо нишон медиҳад нуздаҳ фарди мубтало ба корона низ ҷон бохтанд ва чаҳорсаду як нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин бар асоси тозатарин омори расмии Вазорати беҳдошти Узбакистон, шумори мубталоён ба корона дар ин кишвари Осиёи Миёна ба як ҳазору  чаҳорсаду навад нафар расидааст.

Тибқи ин гузориш, саду наваду чаҳор нафар низ ба таври комил беҳбуд ёфта ва панҷ тан ҳам ҷони худро аз даст додаанд.

Қавонини карантин ва маҳдудитҳои равуо дар тамоми шаҳрҳои бузург аз ҷумла Тошканди Узбакистон иҷро мешавад.

 

Барчасп