Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Қирғизистон ва Қазоқистон
(last modified Tue, 21 Apr 2020 07:15:56 GMT )
Апрел 21, 2020 12:15 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Қирғизистон ва Қазоқистон

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон эълом кард: Чаҳордаҳ мавриди ҷадиди ибтило ба корона дар ин кишвар таъйид шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, муовини вазири тандурустии Қирғизистон гуфт: Бо таъйиди ибтилои 14 нафари дигар, шумори мубталоён ба вируси корона акнун ба пансаду  шасту  ҳашт нафар афзоиш ёфтааст, ки ҳоли 16 нафар аз онҳо вахим аст.

Муовини вазири беҳдошти Қирғизистон афзуд: Дар 24 соати гузашта ду нафар аз мубталоён ба КОВИД- 19 низ дар ин кишвар ҷон бохтанд.

Хабари дигар ин ки бозгушоии тадреҷии машоғил дар Қазоқистон оғоз шудааст.

Пас аз як моҳ аз карантини шаҳрҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, мароҳили тадреҷии оғоз ба кори машоғил оғоз шуд ва аз имрӯз бистуми апрел, бархе аз машоғил ба сурати мароҳили тадреҷӣ дар Қазоқистон оғоз ба кор карданд.

Дар ҳафтаи аввал фурушгоҳҳои масолеҳи сохтмонӣ, лавозими ҷонибии автомобил ва бозори мева ва сабзавот кори худро шуруъ карданд ва дигар машоғил ба тартиб тайи ҳафтаҳои оянда бозгушоӣ мешаванд.

Бар асоси охирин омори Вазорати ҳифозати саломати Қазоқистон, то кунун ҳазору ҳафтсаду  сию панҷ нафар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд ва дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмаато, Чимкент ва чаҳор вилоят муқаррароти карантин иҷро мегардад.