Рӯзи ҷумъа, оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон ва Қазоқистон
(last modified Wed, 22 Apr 2020 04:15:58 GMT )
Апрел 22, 2020 09:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи ҷумъа, оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон ва Қазоқистон

Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонони Қазоқистон аз оғози моҳи мубораки Рамазон дар рӯзи ҷумъа 24 апрел хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон рӯзи сешанбе ҳамчунин 24 майро ба унвони рӯзи Иди фитр дар ин кишвар эълом кардаанд.

Бар асоси тасмимҳои идораҳои рӯҳониёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, дар моҳи Рамазон имсол ба манзури ҳифзи саломати мардум ва ҷилавгирӣ аз шуйюи вируси корона, баргузории намозҳои панҷгона, намози ҷумъа, таровеҳ дар масоҷид, ифтор ва дигар барномаҳои ҷамъӣ то беҳбуди вазъият мамнуъ шуданд.

Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонони Қазоқистон хитоб ба мардуми кишварҳои худ хостори риояти қатъии тавсияҳои пизишкон ва иқдомоти вазоратхонаҳои беҳдошти ду кишвар ҳайни рӯза гирифтан ва дигар маросим шуданд.