Имзои қонуни ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории узбак дар Қазоқистон
(last modified Wed, 22 Apr 2020 05:12:04 GMT )
Апрел 22, 2020 10:12 Asia/Dushanbe
  • Имзои қонуни ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории узбак дар Қазоқистон

Раиси ҷумҳури Қазоқистон қонуни ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории узбак, ки шаҳрвандии 2 кишварро доранд, имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бо имзои ин қонун дар рӯзи сешанбе тавассути Қосим Жомарт Токаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, тавофуқномаи дуҷонибаи Қазоқистон ва Узбакистон дар заминаи фаолияти корӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории узбаки дорои шаҳрвандии 2 кишвар, иҷроӣ мешавад.

Бар асоси ин қонун, муҳоҷирони кории ду шаҳрвандии Узбакистон дар қаламрави Қазоқистон аз хадамоти пизишкии роягон бархурдор мешаванд.

Ҳамчунин, муҳоҷирони кории узбак дар сурати осеб дидан ва беморӣ дар ҳангоми анҷоми вазифаҳои корӣ ҳаққи ҷуброни хисоратҳоро дарёфт мекунанд.

Бар асоси ин санад, дар сурати вуҷуди мадорики таҳсилоти муносиб дар донишгоҳҳои Узбакистон, муҳоҷирони кории узбак метавонад дар заминаҳои омӯзиш, беҳдошт ё дорусозии Қазоқистон кор ва фаолият кунанд.

Ин тавофуқнома ҳамчунин таъмини кумакпулӣ ҳамроҳ бо нафақа ва иҷтимоиро низ фароҳам мекунад.