Апрел 22, 2020 14:47 Asia/Dushanbe
  • Гирифтории муовини вазири тандурустии Қазоқистон ба КОВИД- 19

Вазири тандурустии Қазоқистон аз олудагии Камолжон Нодиров- муовини худ ба вируси корона хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Илжон Биртонов рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Барои тақвияти тими мубориза бо вируси корона дар шаҳри Алмаато қарор буд Нодиров сарпарастии идораи тандурустии умумии ин шаҳрро бар уҳда бигирад, аммо мушаххас шуд вай мубтало ба вируси корона шуда ва ба ин далел дар яке аз бемористонҳои кишвар бистарӣ шуд.

Вазири тандурустии Қазоқистон афзуд: Камолжон Нодиров- муовини ин вазоратхона дар пайи ибтило ба вируси корона аз ин симат барканор ва Людмила Бюрабекова ба унвони муовини ҷадиди вазири тандурустии ин кишвар таъйин шуд.

Бар асоси гузориши субҳи рӯзи чаҳоршанбеи Вазорати тандурустии Қазоқистон, теъдоди маҷмӯъи афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар ду ҳазору 25 нафар аст, ки аз ин миён то ба ҳол 489 тан беҳбуд ёфта ва 19 нафар низ фавт кардаанд.

 

Барчасп