Узрхоҳии як шабакаи телевизионии Қазоқистон аз мардуми тоҷик
(last modified Mon, 27 Apr 2020 05:52:41 GMT )
Апрел 27, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии як шабакаи телевизионии Қазоқистон аз мардуми тоҷик

Шабакаи телевизонии Қазоқистон мавсум ба НТК, аз мардуми тоҷик ба далел пахши филми тавҳеномез дар бораи сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва коргарони муҳоҷири тоҷик узрхоҳӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, мудирияти шабакаи телевизионии НТК эълом кардааст, ки ин филм сирфан бо муҳтавои танз ва шухӣ сохта шуда ва ба далели эътирози тоҷикҳо аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ мекунад.

Дар ин филм, ки соли 2012 сохта шудааст лаҳазоти тавҳиномезе дар бораи сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва коргарони муҳоҷири тоҷик мушоҳида мешавад, ки муҷиби хашми корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.

Мудирияти шабакаи телевизионии НТК таъкид кардааст, ки хостори зиндагии мусолиматомези тамомии қавмҳо аз ҷумла тоҷикҳо дар Қазоқистон мебошад ва ба се забони русӣ, қазоқӣ ва тоҷикӣ аз тоҷикҳо маъзаратхоҳӣ кардааст.

Бауржан Жубантиров намояндаи ин шабака гуфтааст, ки иштибоҳи худро дарк карда ва лаҳазоти тавҳиномезро аз ин филм ҳазф кардаанд.

Аз дидгоҳи вай зоҳиран иддае ҳатто пас аз маъзаратхоҳии тарафи Қазоқистон аз тоҷикҳо бо интишори ин лаҳза аз филм қасди доман задан ба ихтилофи миёни қазоқҳо ва тоҷикҳоро доранд.