Апрел 27, 2020 16:32 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди вазъияти изтирорӣ барои корона ба дастури  Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон

Раиси Ҷумхурии Қазоқистон бо хадафи муқобила бо вируси корона, холати изтирорӣ дар ин кишварро то душанбе 11 май тамдид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, "Қосим Ҷумарт Токаев" рӯзи душанбе дар баёнияи худ дар бораи вазъияти шуйӯъи корона дар Қазоқистон хотирнишон кард, ки мизони ибтило ба корона дар ин кишвар ҳанӯз ба авҷи худ нарсида ва таҳдиди ин бемори ҳанӯз побарҷост ва авзоъ мумкин аст аз контрол хориҷ шавад. 

 Ба гуфтаи Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон , дар бархе манотиқи ин кишвар бахусус дар шаҳр Алма-Ато шумораи зиёде аз кодри дармони ба корона мубтало шудаанд ва баррасии иллати ин масъала ва ҷилавгирӣ аз чунин вазъияти дар оянда зарурӣ аст.

 Токаев хотирнишон кард, ки давлат дар ҳол анҷоми иқдомоте барои тазмини саломатии персонали пизишкӣ аст. 
 
Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон афзуд: бархе маҳдудиятҳо ба таври тадриҷи коҳиш меёбад ва аз аввали моҳи май иртибототи ҳавоӣ  байни шаҳрҳои Нурсултон ва Алма-Ато аз сар гирифта хоҳад шуд.

Барчасп