Май 01, 2020 20:14 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии системаи мушовираи пизишкӣ аз роҳи дур байни Узбакистон ва Чин

Узбакистон ва Чин системаи мушовираи пизишкӣ аз роҳи дур роҳандозӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси ин тарҳи мушорикатӣ ва машваратӣ миёни Чин ва Узбакистон то кунун 2 бемористони пешрав дар устони Ҷиангшии Чин ва 10 бемористон дар Узбакистон ба ин система пайвастаанд. Бинобарин пизишкони узви ин система мушорикате дар назар доранд барои тақвияти ҳамкориҳои зидди ҳамагирии корона бо пизишкони бештаре дар ҳар ду кишвар иртиботи муназзам барқарор кунанд. Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки Чин ҳамчунин дору ва васоили пизишкӣ ба ҳамроҳи пизишконеро барои дармони мубталоён ба уфунати вируси корона ба Узбакистон фиристода буд.

Дар ин баёния омадааст: “Имрӯза, равобити Узбакистон ва Чин даври ҷадиде аз рушду тавсеаи фаъол ва пӯёи худро нишон медиҳад ва ин амр гувоҳӣ бар иродаи муштараки ҳар ду кишвар барои густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои мутақобил аст. Лизо ин ду кишвар талош мекунанд бо анҷоми иқдомоти муассир барои густариши дӯстии суннатии худ, бар равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф биафзоянд.

Ин баёния ҳокӣ аст, ки дар бахши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар низ пӯёии тавсеаи пойдор дида мешавад.

Ба гуфтаи Вазорати равобити иқтисодӣ, сармоя гузорӣ ва тиҷорати ҷумҳурии Узбакистон, раванди рушди мусбат дар тиҷорати дуҷониба байни ду кишвар баёнгари ин воқеият аст, ки мизони тиҷорат байни ду кишвар бо рушди 2 дарсад дар соли 2010 ба болотарин мизон дар таърихи равобити Узбакистон ва Чин, яъне 2.85 миллиард доллар расид.

 

 

Барчасп