Май 02, 2020 10:40 Asia/Dushanbe
  • Маросими низомӣ дар Туркманистон

Туркманисон аз баргузории маросими низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бар Олмони нозӣ дар 9-уми май хабар дод.

Телевизиони давлатии Туркманистон эълом кард, паради нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба муносибати 75-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бар Олмони нозиро тибқи барномаи 9-уми май баргузор мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Русия паради 9-ми май дар Майдони Сурхи Маскавро ба хотири хурӯҷи коронавирус ба таъвиқ андохтааст.