Май 03, 2020 08:39 Asia/Dushanbe
  • Канорагирии духтари Назарбоев аз раёсати Маҷлиси Қазоқистон

Духтари раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон аз раёсати маҷлиси ин кишвар канорагирӣ кард.

Ба нақл аз ИСНО, Дариға Назарбоев- духтари бузурги Нурсултон Назарбоев- раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон, ба симати худ дар мақом раёсати маҷлиси сенати ин кишвар поён дод.

Дафтари Қосим Жомарт Токаев, раиси ҷумҳури феълии Қазоқистон дар баёнияи кутоҳе канорагирии Назарбоевро эълом кард, аммо дар бораи иллати он тавзеҳ надод.

Дариға Назарбоев симати раёсати Сенати Қазоқистонро дар соли 2016 бар уҳда гирифт ва қабл аз поёни давраи раёсаташ, дубора ба ин симат мансуб шуд.

Тибқи қонуни асосии Қазоқистон, раиси Маҷлиси Сенат ҷонишини раиси ҷумҳур низ ба ҳисоб меояд ва дар сурати истеъфо, аз корафтодагӣ, барканорӣ ва ё фавти вай, уҳдадори вазифаҳои раёсати дастгоҳи иҷроии кишвар хоҳад буд.

 

Барчасп