Боздошти ду қирғиз ба иттиҳоми талош барои қочоқи хушкбор аз Тоҷикистон
(last modified Mon, 04 May 2020 06:29:18 GMT )
Май 04, 2020 11:29 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду қирғиз ба иттиҳоми талош барои қочоқи хушкбор аз Тоҷикистон

Кормандони неруи марзбонии Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд ду шаҳрванди қирғизро ба иттиҳоми талош барои қочоқи хушкбор аз Тоҷикистон боздошт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон  ба нақл аз Дафтари матбуотии неруи марзбонии Қирғизистон, ин ду шаҳрванди Қирғизистон, ки 32 ва 30 сол доранд, бо хариди 20  тонна хушкбор аз сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон қасди вуруди қочоқӣ ба кишвари хешро доштанд, ки марзбонони ноҳияи Ботканд ононро боздошт карданд.

Гуфта мешавад, ки ин миқдор хушкбор дар мошини бобарие  ҳамл мешуд, ки ҳеҷ навъ ҳуҷҷате дар бораи мақсади интиқол, миқдори маҳсулот ва қимати хариди он вуҷуд надошт.

Ин мошини бобарӣ боздошта шуда ва сарнишинони он боздошт ва ба неруи интизомии Қирғизистон таҳвил дода шудаанд.

Марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд мавриди истифодаи қочоқбарони сӯзишворӣ, ангиш, маводди ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводди мухаддир қарор мегирад.

Дар мавориде низ даргирии гурӯҳҳои қочобарон бо якдигар, муҷиби даргирӣ ва таниш дар манотиқи марзи муштараки ин ду кишвар мешавад.