Афви 3000 зиндонӣ дар Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i53457-Афви_3000_зиндонӣ_дар_Қирғизистон
Раисҷумҳури Қирғизистон дар ҳукме 3000 зиндониро афв кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 09, 2020 05:04 Asia/Dushanbe
  • Афви 3000 зиндонӣ дар Қирғизистон

Раисҷумҳури Қирғизистон дар ҳукме 3000 зиндониро афв кард.

Соронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон ба муносибати солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва солгарди инқилоби 2010, дар ҳукме 3000 зиндониро озод кард.

Ба нарқл аз Форс, тибқи ҳукми раисҷумҳур, афроди бо синни бештар аз 55 сол, маълӯлон, зиндониёни дучори бемориҳои уфунии хатарнок, бевазаноне, ки дорои фарзанд ҳастанд, озод мешаванд.

Ин ҳукм дар Маҷлиси Қирғизистон ҳам тасвиб шуд.