Май 09, 2020 16:32 Asia/Dushanbe
  • 10 май, музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои баррасии низои марзӣ

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз баргузории музокироти мақомоти сиёсӣ, амниятӣ ва марзбонии ин кишвар бо Тоҷикистон дар рӯзи 10 май барои баррасии низои ахири марзӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии хадамоти марзбонии Қирғизистон, тавофуқ барои баргузории ин музокирот дар пайи тамоси телефонии вазирони умури хориҷа ва раисони Ситоди неруҳои марзбонии ду кишвар ҳосил шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон тарафи Қирғизистонро омили бурузи низои рӯзи ҳаштуми май медонанд ва мегӯяанд шаҳрвандони ин кишвар дар минтақаи ҳануз нишонагузорӣ нашудаи марз қасди тасарруфи қитъаи замини зери кишти ҷуворимаккаро доштанд.

Бо ин ҳол ҷониби Қирғизистон муддаӣ аст, ки ин қитъаи заминро қаблан қирғизҳо мавриди истифода қарор медоданд ва марзбонони тоҷик бо тирпаронӣ се нафар аз ҷумла як марзбони қирғизро захмӣ кардаанд.

Хадамоти марзбонии Тоҷикистон низ аз захмӣ шудани ду сокини ноҳияи Исфара бар асари тирпаронии марзбонони қирғизӣ хабар додааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои 978 километр марзи муштарак ҳастанд, ки ҳудуди 520 километр аз он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

 

Барчасп