Май 09, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ба 50 ҳазор нафар шаҳрвандӣ медиҳад

Давлати Тошканд ба 50 ҳазор тан аз афроде, ки дар ин кишвар шаҳрванд нестанд, шаҳрвандии узбакистонӣ медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гурӯҳи байналмиллалии нозири ҳуқуқи башар рӯзи шанбе гузориш дод: Парлумони Узбакистон рӯзи ҷумъа ҳаштуми май қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он, 50 ҳазор нафар аз афроди бидуни шаҳрвандие, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд метавонанд аз давлати Тошканд  дархости шаҳрвандӣ кунанд.

Ин иқдоми парлумони Узбакистон ба далели аҳамияте, ки барои ҳалли буҳронҳои ҳуқуқи башарӣ дар ҷаҳон дорад мавриди таҳсини Созмони Миллали Муттаҳид қарор гирифтааст.

Ашхоси бидуни шаҳрвандӣ, афроде ҳастанд, ки ҳеҷ як аз давлатҳо онҳоро шаҳрванди худ намедонанд.

Панҷ соли қабл парлумони Узбакистон қонунеро тасвиб кард, ки тибқи он шаҳрвандони ин кишвар, ки дар сафҳои террористҳо дар хориҷ аз кишвар меҷанганд, шаҳрвандии худро аз даст медиҳанд.

Яке аз далелҳои аслии тасвиби ин қонун афзоиши ҳузури шаҳрвандони Узбакистон дар гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаҳое аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Афғонистон буд.

Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Узбакистон низ соли гузашта бо иҷрои қонуне мушобеҳ, ба аввалин кишвари ҷаҳон табдил шуд, ки ба бешаҳрвандӣ поён додааст.