Май 11, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Маҳв кардани кумакҳои башардӯстонаи Туркманистон аз сӯи Толибон

Толибон кумакҳои башардӯстонаи Туркманистонро аз байн бурд.

Мақомҳои маҳаллии вилоят Форёб мегӯянд маҳмулаи кумакии Туркманистон барои шаҳрвандони вилоятҳои шимоли Афғонистон пас аз як ҳафта таваққуф аз сӯи Толибон, фосид шудааст. 
 
 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз форс, Ҷовид Бедор, сухангӯи вилояти Форёб гуфт: Толибон ҳафтаи гузашта монеи интиқоли кумакҳои Туркманистон аз фармондори Ширин Тагоб ба шаҳри Маймана, маркази Форёб шуда буданд ва бо вуҷуди подармёни, ин гурӯҳ иҷозаи интиқоли онро надоданд ва ҳоло фосид ва ғайриқобили истифода шудааст. 
 
 Сухангӯи волии Форёб афзуд: ин кумакҳо дар шароити қарнтина барои мардум ҳаётӣ буданд. 
 
 Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон эълом кардааст, ки  5 мошини ҳомил кумакҳои Туркманистон, ки бештар аз як ҳафта аз сӯи Толибон таваққуф шуда шомили гандум, сабзиҷот ва базри ҳубубот будааст.