Тавсиаи мутахасиси узбакистонӣ барои маҳори Корона дар Тоҷикистон
Вирусшиноси узбакистоне ,ки барои кумак ба ҳамтоёни тоҷики хеш дар Душанбе ҳузур дорад хостори озмойиши Корона рӯи рӯзона чор ҳазор нафар аз ҷаъияти Тоҷикистон шуд.
Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти ҷИ , Искандар Зоҳидов мегуяд ,ки барои пешгири аз густариши вируси Корона бояд рӯзона рӯи чорҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон озмоиш анҷом шавад.
Ин дар ҳоле аст ,ки бар асоси гузориши Созмони тандурустии ҷаҳонӣ ҳамарӯза дар Тоҷикистон амокини озмоиши 250 то 300 нафар вуҷуд дорад.
Зоҳидов пешниҳод кардааст ,ки бояд барномаи ташхиси саро сарии атбоъи Тоҷикистон дар заминаи вируси корона аз шаҳри Душанбе оғоз гардад ва дар марҳалаи баъди дар вилоятҳо ва ноҳияҳо ва рӯстоҳои дурдасти марзии ин кишвар иҷро шавад.
пизишкони узбакистонӣ то кунун 60 парастори тоҷикро ,ки мустақиман ба дармони мубталоёни ба вируси Корона машғул ҳастанд, мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Ба таври ҳамзамон мутахасисони узбакистонӣ кори сохти бемористони саҳроӣ дар шаҳри Душанберо ба манзури дармони беморони мубтало ба Корона оғоз карданд.
Таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти ин бемористон бо истифода аз 114 кантенер аз Узбакистон ба Тоҷикистон мунтақил шуд ,ки дорои тахти хоб, кулер яхдон, таҷҳизоти барқӣ ва оби гарм аст.