Май 16, 2020 09:17 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди карантин дар Узбакистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Бо хурӯҷи коронавирус, шумори фавтида ва мубталоён дар кишварҳои Узбакистон ва Қирғизистон афзоиш ёфтааст.

Давлати Узбакистон, ки барои мубориза бо хурӯҷи коронавирус, аз таърихи 18 фарвардин карантини саросарӣ дар ин кишвар эълом карда буд, бархе аз маҳдудиятҳоро то аввали моҳи июни мелодӣ тамдид кард.

Тибқи ин гузориш, ҳамакнун шаҳр ва ноҳияҳои ин кишвар ба манотиқи "қирмиз", "зард" ва "сабз" тақсимбандӣ шудааст.

Дар Узбакистон теъдоди мубталоён ба 2652 тан, беҳбудёфтагон 2106 тан ва 11 тан низ ҷони худро аз даст доданд.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон ҳам аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.