Бозгушоии масҷидҳои Қазоқистон дар ояндаи наздик
Май 16, 2020 11:16 Asia/Dushanbe
Идораи муфтиёти Қазоқистон эълом кард: Масҷидҳои ин кишвар, ки бар асари шуйюи коронавирус баста шуда буд дар ояндаи наздик боз хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садо ва Симо, Идораи муфтиёти Қазоқистон имрӯз шанбе эълом кард: Масҷидҳои ин кишвар нуздаҳум ва бистуми моҳи май бозгушоӣ мешаванд.
Тибқи ин гузориш, дари масҷидҳои Қазоқистон аз соати ҳафти субҳ то соати бисти шаб ба рӯйи мусулмонон боз хоҳад буд ва қарор аст ибодатҳои афрод ба сурати инфиродӣ ва бо риояти фосилагирии иҷтимоӣ анҷом шавад.
Вазорати тандурустии Қазоқистон эълом кард : То кунун 5689 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд ва 34 нафар ҳам бар асари ин вирус ҷон бохтаанд.