Май 16, 2020 17:38 Asia/Dushanbe
  • Тағйирот дар ҳайати давлати Узбакистон

Раиси ҷумҳури Узбакистон бо судури ҳукме таркиби ҳайати давлати ин кишварро тағйир дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, бар асоси ҳукми Шавкат Мирзиёев- раиси  ҷумҳури Узбакистон, симатҳои муовини нахуствазир дар масоили тавсеаи иҷтимоӣ, мушовири нахуствазир- раиси Идораи масоили тавсеаи технологиҳои иттилоърасонӣ, мухобирот ва фаолияти навоварӣ, мушовири нахуствазир –раиси Идораи масоили тавсеаи саноат ва заминаҳои пояии он ва ҳамчунин равобити таовунӣ эҷод шуд.

Тибқи ин дастур ҳамчунин маҷмӯае аз вазоифи ҷадид бар уҳдаи нахуствазир гузошта шуда, ки аз ҷумла, вай бар умури ба кор бурдани технологиҳои иттилоърасонӣ ва давлати электроникӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, тавсеаи мухобирот, дониш, мутолиоти илмӣ ва навовариҳо мудирият мекунад.

Раиси ҷумҳури Узбакистон Беҳзод Мусоевро, ки қаблан симати раиси Кумитаи давлатии андозро ба уҳда дошт, ба мақоми муовини масоили тавсеаи иҷтимоии нахуствазир мансуб кард.

Мирзиёев ҳамчунин Шерзод Қудбиев- мушовири худ  дар масоили хадамоти давлатӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои маҳаллиро низ ба унвони раиси Кумитаи давлатии андоз таъин кард.