Май 16, 2020 19:32 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамбастагии нашрияи Овози Самарқанд бо мардуми Тоҷикистон

Масъулони нашрияи тоҷикии шаҳри Самарқанд мавсум ба Овози Самарқанд бо интишори матлабе дар шароити густариши коронавирус бо мардуми Тоҷикистон ибрози ҳамбастагӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи Овози Самарқанд, Баҳодур Раҳмонов ва Неъмон Маҳмудӣ дар ин паём ба намояндагӣ аз мардуми Узбакистон ва тоҷикони Самарқанд дар шароити густариши коронавирус дар Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки дар чунин рӯзҳои сахт дар канори мардуми тоҷик хоҳанд монд.

Онон бо ишора ба ирсоли таҷҳизот, колоҳои беҳдоштӣ ва пизишкони мутахассис ба Тоҷикистон барои кумак ба тоҷикҳо, оғози сохти бемористони саҳроӣ ба дасти муҳандисони узбакистонӣ дар шаҳри Душанбе ба дастури Шавкат Мирзиёев- раиси ҷумҳури Узбакистон, ин иқдомро исботи амалии равобити дӯстона ва бародаронаи мардумони ин ду кишвар унвон кардаанд.

Дар ин паём таъкид шудааст, ки дӯстии мардумони ду кишвар таърихӣ ва дерина мебошад ва дар шароити сахти густариши коронавирус дар Тоҷикистон, мақомот ва мардуми Узбакистон дар оянда низ кумакҳои бештаре ба тоҷикҳо хоҳанд расонд.

 

 

Барчасп