Май 20, 2020 16:40 Asia/Dushanbe
  • Имзои ҳашт санади ҳамкорӣ дар нишасти сарони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё

Дар нишасти видеоии сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳашт санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар ин нишаст, ки ба мизбонии Маскав баргузор шуд , Владимир Путин, Қосим Жомарт Токаев, Александер Лукашенко, Сооронбой Жеенбеков- раисони ҷумҳури Русия, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ва Никол Пошиниён- нахуствазири Арманистон ҳузур доштанд.

Дар ин санадҳо, тавофуқномаи марбут ба таъйини ҳавзаҳои стратегии ҳамгароии авруосиёӣ, маҷмӯаи тағйирот дар механизмҳои интихоби мақомоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, тавофуқномаи бахшҳои аслии иқтисоди аъзои АвруОсиё, тағйирот дар тавофуқномаи марбут ба андоз дар минтақаҳои тиҷорати озод, гузориши солонаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, иттилоот дар бораи фаолияти касбу кор ба имзо расиданд.

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.