Май 23, 2020 21:24 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон тадбирҳои амниятиро дар марз бо Тоҷикистон шиддат медиҳад

Муовини раиси вилояти Ботканди Қирғизистон аз шиддат ёфтани тадбирҳои амниятӣ дар марзи муштарак бо вилояти Суғди Тоҷикистон ба далели густариши коронавирус хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи қирқизии Турмуш, Чинор Сатторова дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон коронавирус дар ҳоли густариш мебошад ва ба ҳамин далел тадбирҳои амниятӣ дар марз бо ин кишвар шиддат меёбад.

Вай таъкид кардааст, ки аз 61 донишҷӯи қирғизистоние, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекарданд ва ҳангоми бозгашт ба кишварашон аз онҳо озмоиши коронавирус гирифта шуд, натиҷаи озмоиши ҳафт нафар мусбат эълом шуда ва мубтало шудани онҳо ба коронавирус тасдиқ гашта, ки акнун онон карантин шудаанд.

Ба гуфтаи муовини раиси вилояти Ботканд, барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари коронавирус барномаи маҳдудсозии равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон дар дасти баррасӣ аст.

Бар асоси омори расмӣ теъдоди беморони коронавирус дар Тоҷикистон то рӯзи 23 май 2 ҳазору 738 нафар ва фавтидаҳо 44 тан эълом шудааст.

Дар Қирғизистон омори мубталоён ҳазору 365 нафар ва фавтидаҳо 14 тан эълом шудааст.

 

Барчасп