Имзои 27 миллиард доллар қарордод байни  Русия ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i5401-Имзои_27_миллиард_доллар_қарордод_байни_Русия_ва_Қазоқистон
Руасои ҷумҳури Русия ва Қазоқистон 27 миллиард доллар қарордоди дуҷониба имзо карданд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 04, 2016 14:02 Asia/Dushanbe
  • Имзои 27 миллиард доллар қарордод байни  Русия ва Қазоқистон

Руасои ҷумҳури Русия ва Қазоқистон 27 миллиард доллар қарордоди дуҷониба имзо карданд.  

Ба иттилои хабаргузории Форс, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар сеҳдаҳумин Иҷлоси ҳамкориҳои байни минтақаӣ, ки бо ҳузури намояндагони шаиркатҳои бузурги қазоқ ва рус дар Остона баргузор шуд, 40 тавофуқномаи муштарак ба разиши 27 миллиард долларро ба имзо расонданд.

Назарбоев дар ин маросим бо ишора ба ҳаштумин дидори худ бо Путин аз ибтидои имсол токунун гуфт: Ин мулоқот аз аҳаммияти зиёде бархурдор буд, ки дар он 900 тоҷир аз ҳар ду кишвар низ ширкат карданд.

Назарбоев афзуд: Илова бар ҳузури бозаргонон дар ин нишаст устондорҳои Русия низ ҳузур доштанд, ки ин мавзуъ нишондиҳандаи наздикии Русия ва Қазоқистон дар ҳамаи заминаҳост.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи имрӯз дар як сафари расмӣ вориди Остона, пойтахти Қазоқистон шуд.