Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Қазоқистон ба 9932 нафар
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i54073-Афзоиши_шумори_мубталоён_ба_корона_дар_Қазоқистон_ба_9932_нафар
Вазорати беҳдошти Қазоқистон аз афзоиши шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 9932 нафар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Қазоқистон ба 9932 нафар

Вазорати беҳдошти Қазоқистон аз афзоиши шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 9932 нафар хабар дод.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон эълом кард, ки теъдоди афроди мубтало ба корона дар ин кишвар ҳамчунон сайри суъудӣ дорад.

Бар асоси ин гузориш, дар 24 соати гузашта дар Қазоқистон 356 мавриди ибтило ба корона сабт шудааст.

Ба ин тартиб, теъдоди афроди мубтало ба корона дар ин кишвар ба 9932 тан расид.

Аз рӯзҳои аввали сабти нахустин мавориди ибтило ба корона дар Қазоқистон то кунун 4900 нафар беҳбуд ёфта ва 37 тани дигар бар асари ин беморӣ фавт карданд.