Май 31, 2020 14:41 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ, омили ҳамла ба коркунони телевизиони  Хуршеди Афғонистон

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти таркиш дар масири худрави коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул- пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши радиои  тоҷикии  Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ориё-Ниюзи Афғонистон, бар асари ин таркиш, ки асри рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул рӯй дод  ду нафар аз ҷумла ду корманди шабакаи телевизионии Хуршед кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд.

Соли 2017 низ дар таркиш дар сохтмони хабаргузории Садои афғон (Ово) дар ғарби Кобул 50 тан кушта ва беш аз 90 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти он ҳамларо низ бар уҳда гирифта буд.

 

Барчасп