Июн 10, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ

Бонки Ҷаҳонӣ гузориш дод, рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад

Гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ ҳокӣ аст, густариши корона, ки бо ихлол дар занҷираҳои ҷаҳонӣ ва минтақаии таъмини коло ҳамроҳ буда , дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ ва шарқи Аврупо эҳсос шуда ва интизор меравад, ки иқтисодҳои ин манотиқ дар соли ҷории мелодӣ коҳиши шадидеро таҷриба кунанд.

Гузориши “Дурнамоҳои иқтисоди ҷаҳонӣ” –и моҳи июн ҳокӣ аст, бо сирояти таъсироти иқтисодӣ аз Аврупо ва Чин аз тариқи тиҷорат ва каналҳои интиқоли даромади коргарони муҳоҷир , интизор меравад рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ дар соли ҷории мелодӣ ба манфии 1.7 дарсад коҳиш ёбад. Дар сурате, ки густариши корона ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодии ношӣ аз он низ ташдид шавад, таъсири ин масъала бар рушди иқтисодӣ ҳам ба шиддат номушаххас хоҳад буд.

Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ карда, ки дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ ва шарқи Аврупо, Узбакистон танҳо кишваре аст, ки дар соли ҷории мелодӣ рушди иқтисодиро таҷриба хоҳад кард.

Тибқи гузориши ин бонк, иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли ҷории мелодӣ 5.2 дарсад хурд хоҳад шуд, ки бештарин мизони рушди иқтисодии манфӣ аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум ба шумор меравад. Дар вокуниш ба ин буҳрони иқтисодӣ бонкҳои марказӣ дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарқи Аврупо ҳимоятҳои молии худро афзоиш додаанд. Қазоқистон дар бозорҳои арз дахолат карда то пули худро тасбит кунад ва бесуботиро коҳиш диҳад. Дар маҷмуъ иқтисодҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва шарқи Осиё 4.7 дарсад хурд хоҳад шуд ва тақрибан ҳамаи кишварҳо рушди сифр ё манфӣ хоҳанд дошт. Дар байни тамоми 24 кишвар дар ин манотиқ танҳо барои Узбакистон рушди иқтисодии мусбати 1.5 дарсадӣ пешбинӣ шудааст.